Боздошти 2 кас барои муомилот бо доллар

Дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони интизомии Тоҷикистон, ду нафар барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, боздошт шудаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду далели ба роҳ мондани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан ошкор шуда ва омилони он дастгир гардиданд. Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 20 март Х.Р, сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар даст доштан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Вай автомашинаи шахсиашро ба маблағи 4400 доллар нархгузорӣ намуда, ба як сокини ноҳияи Ғончӣ ба маблағи 3700 доллар фурӯхтааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзи гузашта сокини ноҳияи Рӯдакӣ Каримов.С ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Ӯ мошини “Лексус”-ашро ба сокини шаҳри Душанбе Раҳматов Д. ба маблағи 20000 доллар нархгузорӣ намуда, ҳангоми фурӯши он талаботи қонунгузории Тоҷикистонро вайрон намуда, пешпардохт 3000 доллар гирифтааст.

Ошкор шудани чандин мавриди муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ҳамин тавр боздошти омилони он, дар пайи ташкили гурӯҳи муштараки иборат аз масъулони Бонки миллӣ ва ниҳодҳои интизомию амниятии кишвар ба манзури назорат ба вазъи бозори асъор ба даст омадааст.

Ҳамзамон ба дарёфти гурӯҳи муштараки ҳукуматӣ, ахиран афроде, ки мехостанд, ба таври ғайриқонунӣ асъори хориҷиро ба берун аз Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, низ боздошт шудаанд. Ин аст, ки нисбат ба ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки талоши ба хориҷ интиқол додани 65 ҳазор долларро кардаанд. Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳафтаи қабл қурби расмии хариди 1 долларро то 6 сомониву 28 дирам ва фурӯши онро то ба 6 сомониву 30 дирам муқаррар карду буд. Аммо дар пайи чоранадешиҳо, додситонии кулл муайян кардааст, ки то ҳанӯз бархе аз саррофон 100 долларро ба ивази 650-660 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд.