Дар Покистон барои нахустин бор дар ҳафт соли ахир парад ба шарафи Рӯзи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Баргузории ин парад соли 2008 бар асари таҳдидҳои амниятӣ лағв шуда буданд.
Парад зери чораҳои шадидаи амниятӣ баргузор мешавад. Нерӯҳои мусаллаҳи Покистон робита аз тариқи телефонҳои мобилӣ ва мухобироти катбиро дар Исломободро қатъ карданд.
Артиши Покистон ҳамлаи густурда алайҳи Толибони Покистон дар манотиқи қабоилнишини кишварро шурӯъ намуданд. Тайи чанд рӯзи ахир ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба мавқеъҳои афроди мусаллаҳ дар дараи Тираи минтақаи Хайбар зарба заданд. 22 март артиш хабар дод, ки дар набардҳои шадид 80 ситезаҷӯро куштанд ва ҳафт низомии худро талаф доданд.
23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳур қатъномаи таърихие қабул шуд, ки дар он принсипҳои зиндагии ҷамоаи мусалмонҳои Ҳиндустони он айём зери мустамликаи Бритониё дар кишвари мустақил муқаррар шуда буданд. Ин санад гоми нахустин дар таъсиси давлати мустақили Покистон маҳсуб мешавад.