Ғанӣ ва Абдуллоҳ аз Амрико боздид мекунанд

Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ

Интизор меравад, ки 22 март Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон вориди Вашингтон шаванд. Баъд аз расидан ба қудрат ва тақсими он дар моҳи сентябри соли гузашта ин нахустин боздиди Ашраф Ғанӣ ва Абдулло аз Амрикост.

Қарор аст ин ду раҳбари Афғонистон бо Барак Обама-раиси ҷумҳур ва бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 23 март дар Кэмп Девид мулоқот кунанд.

Дар ин мулоқот доираи васеи масъалаҳо баррасӣ мешавад ва ҷонибҳо ба масъалаҳои амниятӣ, хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон, рушди иқтисод ва кӯмакҳои Амрико ба раванди мусолиҳа таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни ин боздид Ашраф Ғанӣ ҳамчунин дар иҷлоси муштараки Конгресси Амрико суханронӣ мекунад. Дар барномаи боздид ҳамчунин мулоқотҳо дар Нию Йорк дар дафтари СММ низ дар назар дошта шудааст.

Дар остонаи боздид аз Амрико Ғанӣ гуфт, ки кишвараш баҳори соли ҷорӣ ба мушкилиҳои амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад.