21 март, дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд мақбара ё оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ бо ширкати раиси ҷумҳур ва соири раҳбарони кишвар гушоиш ёфт. Ҳамчунин аз рӯи пайкараи 7 метрии ин шоири маъруф пардабардорӣ сурат гирифт.
Дар ин ҷашн аз мақомоти Тоҷикистон хоста шуд, ки барои таҷлил аз ҳафтсадсолагии Камоли Хуҷандӣ дар соли 2020 асноди заруриро таҳия карда, ба ЮНЕСКО муроҷиат намоянд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мақбара, муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири тоҷик дар боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар канори рӯди Сир ё Сайҳун ҷой гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандиро аз биринҷӣ пайкарасоз Даврон Раҳматов сохтааст. Атрофи пайкара бо сангҳои хорои маҳаллӣ ороиш ёфтааст.