Рӯҳонӣ: "Тавофуқоти ниҳоӣ имконпазир аст"

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон изҳори итминон кард, ки музокироти ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бо созишномаи ниҳоӣ ба поён хоҳад расид.

Хабаргузории давлатии Эрон бо номи ИРНО 21 март аз қавли Рӯҳонӣ гуфт, ки “тавофуқот” имконпазир аст. Рӯҳонӣ гуфтааст, ки пешрафтҳо дар даври ахири музокирот вайро ба натиҷаҳои мусбати он хушбин мекунад.

Вай гуфтааст: “Дар ин даври музокирот дар баъзе аз мавзӯъҳое нуқтаи назарҳо ба ҳам мутобиқ омадааст, ки дар даврҳои гузашта роҷеъ ба онҳо ихтилофи назар вуҷуд дошт”.Вай афзудааст, “масъалае нест, ки ҳал нашавад”.