Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, изҳор намуд, ки ИМА ва дигар кишварҳо набояд болои Эрон дар роҳи расидан созиш оид ба барномаии ҳастаии Теҳрон фишор оваранд. Ӯ рӯзи 20 март, дар шаҳри Лозаннаи Швейсария қабл аз музокирот бо вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, ҳоло фурсате расидааст, ки гурӯҳи “панҷ ба изофаи як”, яъне Амрико, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон миёни фишор ва созиш якеро интихоб кунанд.
“Панҷ ба изофаи як” мехоҳад, ки Теҳрон бо даст бардоштан аз пажуҳиши барномаи ҳастаӣ нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро аз байн барад ва дар ивази ин бархе аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон лағв шаванд. Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдоиф фақат осоишта дорад. Қарор аст, ки ҷонибҳо то 31 март созиши муваққат ва то 30 июн созиши ниҳоиро имзо кунанд.
Раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ рӯзи 20 март дар Брюссел мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро бо нахуствазири Олмон Дэвид Камерон, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел баррасӣ кард.