Бар асари инфиҷорҳо дар канори ду масҷиди шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дасти кам 137 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории Ассошиейтед Пресс, дар ин ҳамлаҳо 345 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз ин пеш хабаргузории Рейтер бо такя ба табибон ва кормандони хадамоти амниятии Яман дар бораи ҳалокати 46 нафар иттилоъ дода буд. Хабаргузории Франс-пресс бошад, теъдоди қурбониёни ҳодисаро 55 нафар ҳисоб карда буд.
Гуфта мешавад, ки масҷидҳои хуситҳо – шибҳанизомиёни шиа мавриди ҳамла қарор доштанд. Бар пояи хабарҳо, аввал дар масҷиди Бадр дар ҷануби Санъо таркиш рӯй дод. Бомби дуввум дар даромадгоҳи масҷид дар ҳоле мунфаҷир карда шуд, ки намозгузорон талоши аз бино берун шуданро мекарданд. Баъд аз чанд соат дар масҷиди Ҳашуш, воқеъ дар шимоли шаҳри Санъо низ таркиши мудҳиш рӯй дод.
Масъулияти таркишҳоро ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Чанд тан аз аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ҳамлаҳои террористӣ дар Яман – кори дасти онҳост.