Ҷоми ҷаҳон дар Қатар тирамоҳ мегузарад

Кумитаи иҷроияи ФИФА – Федератсиони байнулмилалии анҷуманҳои футбол рӯзи 20 март санаи нави бургузории Ҷоми ҷаҳон оид футбол дар Қатар дар соли 2022-ро тасдиқ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ФИФА, тасмим гирифта шуд, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар Қатар на тобистон, балки моҳҳои ноябр-декабр гузаранд. Бозии ниҳоии чемпионати ҷаҳон 18 декабр, дар Рӯзи миллии Қатар, баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки аз ин баъд тӯли чемпионати ҷаҳон 28 рӯз муқаррар шавад. Рӯзи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар баъдан эълон хоҳад шуд. Рӯзҳои наздик ҷадвали бозиҳои интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон ба Қатар таҳия мешавад – ин бозиҳо аз соли 2019 то соли 2022 идома хоҳанд кард.

Тобистон ҳарорати ҳаво дар Қатар аз 50 дараҷа болотар меравад, ки барои футболбозон ва мухлисон мушкил хоҳад буд. Мақомоти Қатар гуфтанд, ки стадионҳоро бо системи муосири салқинсозӣ муҷаҳҳаз мекунанд, аммо иқрор намуданд, ки ба ин васила пурра ҳал кардани мушкил номумкин аст.