СММ: "Давлати исломӣ" дар наслкушӣ даст дорад

Язидиҳои фирорӣ аз дасти "Давлати исломӣ"

Дафтари ҳуқуқи башари СММ мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар наслкушӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ айбдор мехонад. Дар гузориши ин ниҳод, ки рӯзи 19 март дар Женева муаррифӣ шуд, ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хостори баргузории мурофиа дар ин бора дар додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага шудаанд.

Бар асари ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Ироқ дар моҳи июни соли гузашта садҳо мардони язидӣ, як аққалияти миллии муқими ин минтақа, кушта шуданд. Мусаллаҳони гурӯҳи занҳои язидиро ғулом карда, кӯдакони хурдсолро барои қабули дини ислом маҷбур сохтаанд. Бар асари таъқибу куштори ситезаҷӯён садҳо ҳазор нафар барои тарки манзилҳои худ маҷбур шудаанд.

Гузориши Дафтари ҳуқуқи башари СММ бар пояи мусоҳиба бо беш аз сад қурбонии ин ҳаводис, мусаллаҳони гурӯҳ ва шоҳидони ҷиноёт алайҳи аққалиятҳои мазҳабӣ таҳия шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки нерӯҳои ҳукуматии Ироқ ва шибҳанизомиёни шиаи пуштибон аз ҳукумат ҳам эҳтимолан даст ба ҷиноёти низомӣ задаанд.