Чаппа шудани мактаб дар Бохтар

Акс аз бойгонӣ.

Як бахши мактаби миёнаи таҳсилоти умумии шумораи 21-и ҷамоати деҳоти ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар, ки дар он ҳудуди 1000 нафар дарс мехонанд, чаппа шудааст. Ин мактаб, ки дар замони шӯравӣ бунёд шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, шаби 18 ба 19 март чаппа шудааст. Бар асари чаппашавӣ қисмате аз ин мактаб вайрон шуда, аммо касе осеб надидааст.​ Сокинони маҳал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар ҳодиса рӯзона ва дар соатҳои дарсӣ рух медод, эҳтимол дошт, ки талафот ва ё зараре дар пай медошт, зеро дар ин синфхонаҳо наздики 30 нафар дарс мехонанд. Нуралӣ Азизов, мудири маориф ва илми ноҳияи Бохтар ин хабарро имрӯз 19 март ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда ва гуфт, ки мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва ҳоло пас аз чаппа шудан, ҳукумати ноҳия аллакай дастур додааст, ки ин синфхонаро бисозанд ва бачаҳо дарсро идома диҳанд. Дар ҷануби Хатлон мактабҳои дигаре аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва таҳсил дар онҳо ба ҷони кӯдакону хонандагон хатарзо мебошад.