Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ хабар дод, ки барои талаби 2 ҳазор доллар ришва аз як хоҳишманди сафари Ҳаҷ муттаҳам мешавад.
Дар гузорише, ки шоми 18 март тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфта шуд, Иззатулло Азизов -- сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин аз шаҳрванд А. бар изофаи 3 700 доллар харҷи сафари Ҳаҷ 2 ҳазор доллари дигар ба ҳайси ришва хостааст. Ба қавли масъулони Оҷонсӣ шаҳрванд А. ба онҳо рӯзи 17 март шикоят карда, Иззатулло Азизов ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар рӯзи 18 март дар Душанбе дастгир шудааст.
Ҳоло бар асоси моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикстон алайҳи Азизов парванда боз шуда, тафтишоти қазия идома дорад.
Дар гузашта низ бархе аз масъулони идораҳои дин барои талаби “пора” ба ҳангоми сафари Ҳаҷ аз зоирон боздошт шуда буданд. Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 6 ҳазорро нафарро барои зиёрати Хонаи Каъба мефиристад.