Дар Маскав 18 март намояндагони низомии Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон дар ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ размоишҳои ояндаи ин созмон бо номи “Бародарии халанопазир-2015” ва “Ҳамкорӣ-2015”-ро баррасӣ мекунанд.
Ин машқҳои низомӣ дар қаламрави Русия ва Арманистон баргузор мешавад. Соли гузашта чунин машқҳо дар Қазоқистон дар размоишгоҳи “Спасск” баргузор шуда буд ва дар он 3 ҳазор нафар низомиён, 800 техникаи низомӣ ва 30 ҳавопаймову чархбол ширкат карда буданд.