56 қурбонӣ дар садамае дар Бразилия

Дар ҷануби Бразилия бар асари ба ҷарӣ сарозер шудани автобуси мусофирбар 56 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, ки шоми шанбе дар аёлати Санта-Катарина рӯй дод, 24 зан ва ҳашт кӯдак ҳам ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ки автобус тақрибан 400 метр ғел хӯрдаааст. Корҳои наҷотбахшӣ то нимаи аввали рӯзи якшанбе идома карданд. Даҳ нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Автобус барои панҷоҳ нафар пешбинӣ шуда буд, аммо ба гуфтаи мақомот, теъдоди мусофирон хело бештар будааст. Ба иттилои расмӣ, дар Бразилия бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҳамасола тақрибан 43 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд.