Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як маҳфил, ёди раҳбарони фақиди ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро гиромӣ дошт. Рӯзи панҷшанбеи 12 март дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳузури густурдаи пайравонон ва ҳаводорони ин ҳизб, маҳфили ёдбуд аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода баргузор шуд, ки дар он коршиносон ва донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори ин ду раҳбари ҷунбиши исломии Тоҷикистон, изҳор назар карданд.
Таҳлилгари тоҷик Ғанӣ Абдуллоҳ дар ин маҳфил бо тақсим кардани фаъолияти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба се давра, ки аз таъсиси ҳизб то маҳбас, аз раҳоӣ то раҳбарии ИНОТ ва сипас марҳилаи баъд аз мусолиҳаи миллиро дар бар мегирад, пешниҳод кардааст, ки бо истифода аз ҳуҷҷатҳо ва шоҳидон, зиндагиномаи муассиси ҲНИТ дар шакли як китоб, омода шавад.
Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар даврони режими Иттиҳоди Шӯравии пешин ҲНИТ-ро таъсис дод ва дар авоили солҳои 90-и асри гузашта ва ба дунболи сабти номи ин ҳизб, Муҳаммадшариф Ҳимматзода раҳбарии онро ба дӯш гирифт. Бо оғози даргириҳои хунин дар Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти ҲНИТ ғайриқонунӣ эълон шуд ва танҳо пас аз имзои созишномаи оштии миллӣ дар соли 1997, ин ҳизб ба фаъолияти дубора шурӯъ кард.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои калидӣ дар созишномаи сулҳи тоҷикон буд ва Саид Абдуллоҳ Нурӣ ба унвони раҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик, дар Маскав зери созишномаи сулҳ имзо гузошт. Саид Абдуллоҳи Нурӣ моҳи августи соли 2006 ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар моҳи марти соли 2010 аз дунё даргузаштанд.