НАТО аз ҳузури Маскав дар Донбасс нигарон аст

Йенс Столтенберг

Йенс Столтенберг, Дабири кулли НАТО гуфт, «Русия то ҳанӯз дар Украина ҳузур дорад» ва аз Маскав хост, ки нерӯҳояшро аз кишвари ҳамсоя берун кунаду аз пуштибонии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина даст бардорад. Ӯ дар нишасти хабарӣ дар Брюссел рӯзи 11 март гуфт, «НАТО ҳанӯз ҳам шоҳиди ҳузури густурдаи Русия ва пуштибонии қавияш аз нерӯҳои ҷудоихоҳ дар шарқи Украина аст».

Генерали амрикоӣ Филип Бридлоув, фармондеҳи аршади нерӯҳои НАТО, дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки Паймон бархе аз пешрафтҳо дар оташбасро сабт кардааст ва аммо маълум нест, тонку зиреҳпӯшҳои аз хатти ҷабҳа беруншуда дар кадом минтақа ҷойгир шудаанд. Ӯ афзуд, марзи Русия ва манотиқи шарқии Украина боз аст, аз ин рӯ наметавон фаҳмид, ки чӣ теъдод аз низомиёни рус дар Украина мустақар шудаанд.

Бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс аз моҳи апрели соли гузашта то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Татбиқи созиши оташбас аз рӯзи 15 феврал ба коҳиши низоъ ва берун кашидани тонку зиреҳпушҳову тӯпхона аз хатти ҷабҳа мусоидат намуд.