Ҳамла ба дафтари ҳизби мухолиф дар Қарочӣ

Дар як амалиёти нерӯҳои шибҳанизомии вилояти Синди Покистон дар қароргоҳи ҳизби “Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ” дар шаҳри Қарочӣ рӯзи 11 март чанд нафари гумонбар дар содир кардани ҷиноёти сангин, аз ҷумла, куштори як хабарнигор, боздошт шуданд.

Сарҳанг Тоҳир Маҳмуд гуфт, ки аз қароргоҳ ба миқдори зиёд силоҳ мусодира шудааст. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки амалиёт ягон ангезаи сиёсӣ надорад ва он дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи ҳизб чанд фарди ҷиноятпеша, аз ҷумла, як каси барои куштори хабарнигори телевизион ба эъдом маҳкумшуда, ҳузур доштанд.

Аминулҳақ, як сиёсатмадори ҳизби “Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ” ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки шибҳанизомиён дар қароргоҳ оташ кушоданд ва як кормандро кушта ва наворбардори телевизионро маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи Аминулҳақ, барои ҳар як силоҳи мусодирашуда иҷозаи расмӣ мавҷуд аст.

Қарочӣ – “ватан”-и гурӯҳҳои мухолифи давлат ва толибони Покистон аст ва аксари ҳизбҳои сиёсӣ дар ин шаҳр гурӯҳҳои мусаллаҳи худро доранд.