Оятулло Муҳаммад Яздӣ, рӯзи сешанбе раиси нави Шӯрои хибрагони Эрон интихоб шуд. Ба иттилои хабаргузории давлатии ИРНА, дар ҷаласаи пушти дарҳои баста дар Теҳрон аз 73 узви Шӯрои нигаҳбон 47 нафар ба ҷонибдории оятулло Яздӣ раъй доданд.
Оятулло Яздӣ, ки 83 сол дорад, баъд аз ин инқилоби исломии соли 1979 муовини раиси Маҷлис ва тайи даҳ сол раҳбари додгоҳи Эрон буд.
Раҳбари пешини Шӯрои хибрагон Муҳаммадризо Маҳдавии Канӣ моҳи октябри соли гузашта оламиро тарк гуфт. Баъди даргузашти ӯ раҳбарии ин ниҳоди нозири Қонуни асосӣ бар дӯши оятулло Маҳмуди Шоҳрудӣ гузошта шуд.
Оятулло Яздӣ миёни панҷ номзад ба ин мақом буд ва аммо аз довталабони аслӣ маҳсуб намешуд. Интихоби раиси Маҷлиси хибрагон - шикасти довталаби асосӣ ва собиқ раиси ҷумҳури Эрон Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ буд, ки ба дарёфти ҳамагӣ 24 овоз соҳиб шуд.
Шӯрои хибрагон масъули назорат ва интихоби раҳбари Эрон ва баъд аз даргузашти ӯ раҳбари навро интихоб мекунад. Ахиран расонаҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳати оятулло Алии Хоманеӣ, раҳбари феълии Эрон, хабар доданд.