40 миллион ба туалет дастрасӣ надоранд

Гито Рао Гупта, муовини раиси иҷроии UNICEF

Як мақоми баландпояи Ожонсии кӯдакони СММ мегӯяд, ки дар Покистон 40 миллион ба туалет дастрасӣ надоранд ва дар ҳавои боз қазои ҳоҷат мекунанд.

Ба ин далел Гито Рао Гупта-муовини раиси иҷроии UNICEF гуфт, ки одамони зиёде дар Покистон ба хатарҳои беҳдоштӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Покистон баъд аз Ҳиндустону Индонезия севвумин кишвари бузурги ҷаҳон аст, ки дар ҳавои боз бо шустушӯи худ машғул мешаванд.

Гупта ба хабаргузории Ассошиейиед Пресс гуфт, ин мушкил метавонад ба густариши бемориҳои гузаранда сабаб шавад ва бо он кӯдакон олуда шаванд. Дар он сурат кӯдакон қад намекашанд ва қадпаст мемонанд, ки дар оянда аз одамони қадпаст фарзандони қадпаст ба дунё меоянд.