Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасташон дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия рӯзи 7-уми март дар бораи ҷанг дар шарқи Украина гуфтӯгу карданд. Нишасти вазирони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни ин иттиҳодия ва Русия дар робита ба муноқиша дар Украина авҷ гирифтааст. Дар ҳамоиши вазирон дар шаҳри Рига, иҷрои созишҳои оташбаси ҳосилшуда дар моҳҳои сентябр ва феврал аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбат будааст. Рӯзи 6-уми март, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Франк Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон дар як сӯҳбати телефонӣ мувофиқат кардаанд, теъдоди нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар манотиқи даргирӣ ду баробар зиёд карда ва ба 1000 нафар расонда шавад. Ҳукумати Украина ва Ғарб мегӯянд, Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина бо силоҳу муҳимот кӯмак мекунад, вале бо вуҷуди пешниҳоди далелҳо Маскав ин иддаоро рад кардааст.