Блаттер: Занони эронӣ аз тамошои футбол маҳруманд

Дастаи мунтахаби футболи бонувони Эрон

Раиси ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии анҷуманҳои футбол мегӯяд, ки бояд занони эронӣ аз ҳаққи тамошои бозии футбол дар варзишгоҳҳо бояд бархӯрдор бошанд. Ӯ дар як матлаб дар ҳафтавори ФИФА, ки рӯзи 6 март нашр шуд, гуфтааст, як сол пеш мавзӯи ҳузури бонувон дар бозиҳои футболро дар сӯҳбат бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба миён гузошта буд ва аммо вазъ тағйир наёфтааст.

Ба гуфтаи Блаттер, тасмими манъи тамошои футбол аз сӯи занон бояд лағв шавад – ӯ моҳи ноябри соли 2013 ба Эрон сафар карда он ҷо шоҳиди маҳбубияти зиёд ба футбол шуд ва ҳамзаон ошкор кард, ки занон аз имкони тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳҳо маҳруманд. Зепп Блатер афзудааст, ин маҳрумият дар ҳолест, ки футболи занона дар Эрон равнақ меёбад.

Мансабдорони эронӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз манъи вуруди занон барои тамошои футбол – ҳифзи онҳо аз рафтору гуфтори дағалонаи мардон дар варзишгоҳ аст. Занони эронӣ аз ҳаққи тамошои бозии волейбол миёни мардон дар варзишгоҳҳо низ маҳруманд.