Низомиёни Русия мегӯянд, ки бештар аз 2 000 низомӣ ва 500 техникаи низомӣ дар машқҳои гутардаи дифои ҳавоӣ дар ҷануби Русия дар Қрим ва дар ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд. Ин машқҳо то 10 апрел идома меёбад.
Ин машқҳо дар 12 полигон ё размоишгоҳ баргузор мешавад ва ин размоишгоҳҳо дар ҳавзаҳои низомии Ҷанубӣ, Қафқози Шимолӣ ва Қрим ҷойгиранд.
Дар ин машқҳо ҳамчунин пойгоҳҳои низомии Русия дар Арманистону Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ширкат меҷӯянд. Дар машқҳо мушакандозҳои «Игла», «Тунгуска», тӯпхонаи «Шилка» ва мушакҳои дифои ҳавоии С-300, «Стрела-10», «Тор» ва «Оса» истифода мешаванд.
Аз баҳори соли гузашта то ҳол нируҳои Русия чанд машқи густардаи низомӣ анҷом доданд. Моҳи апрели соли гузашта нируҳои Русия дар наздикии марз бо Украина машқҳои низомӣ анҷом дода буданд.