Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш бояд худро аз «шармандагиву фоҷиа» ба мисли қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи давлат халос кунад ва аз мақомоти интизомӣ хост, парвандаҳои қатлҳои сиёсиро ҳал кунанд. Зимни мулоқот бо намояндагони баландпояи вазорати умури дохилӣ, Владимир Путин зоҳиран эътироф кард, ки қатли Борис Немтсов дар Маскав ба обрӯи кишвараш латма задааст. Ин сиёсатмадори мунтақиди ҳукумати Русияро афроди номаълум рӯзи 27-уми феврал дар наздикии Кохи Кремл бо зарби чанд тир куштанд. Владимир Путин гуфт:
«Таваҷҷӯҳи бисёр ҷиддӣ бояд ба ҷиноятҳои пурсарусадо дода шавад, аз ҷумла ба ҷиноятҳое, ки ангезаҳои сиёсӣ доранд. Бояд Русияро дар ниҳоят аз шармандагӣ ва фоҷиае халос кунем, ки чанде пеш ҳамаи мову шумо дидем. Манзурам қатли густохонаи Борис Немтсов дар маркази пойтахт аст.»
Зимни суханронӣ, ки рӯзи 4-уми март мустақиман дар телевизионҳои давлатии Русия намоиш дода мешуд, Владимир Путин ба мақомоти интизомӣ амр дод, ба ҳаргуна аломати омодагӣ ба амалҳои ифротгароёна фавран вокуниш кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ бахусус дар байни ҷавонон чора биандешанд.