Керрӣ ва Зариф музокиротро идома доданд

Дипломатҳои баландпояи Амрико ва Эрон саввумин рӯзи гуфтугӯҳо дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро дар шаҳри Монтрои Швейтсария оғоз карданд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии ӯ, рӯзи 4-уми март музокиротро чанд соат баъд аз он идома доданд, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Вашингтон гуфт, созиши атомӣ бо Эрон на монеъи дастёбии ин кишвар ба бомби атомӣ мешавад, балки роҳро барои он ҳамвор мекунад. Амрико ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар саъй доранд, бо Эрон тавофуқномае имзо кунанд, ки бар асоси он Теҳрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти байналмилалӣ, фаъолиятҳои ҳастаиашро маҳдуд мекунад. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон пинҳонӣ силоҳи атомӣ месозад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба баёнияи Бенямин Нетаняҳу гуфт, нахуствазири Исроил ягон роҳи дигари амалии ҳалли баҳси барномаҳои атомии Эронро пешниҳод накард. Тарафҳои музокирот охири моҳи мартро замони таҳияи чаҳорчӯбаи созиш ва 30-уми июнро замони имзои созиши комил таъйин кардаанд.