Маъмурони пулиси Қирғизистон чанд занро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир дастгир кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 3-уми март гуфт, ин занонро дар пойтахт шаҳри Бишкек боздошт карданд ва аз дасти онҳо, диску наворҳо ва дигар маводи мӯҳтавои ифротӣ доштаро гирифтанд. Рӯзе пештар аз ин мақомоти интизомии вилояти Нарин гуфтанд, ки 5 узви Ҳизб-ут-таҳрирро дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳизби мазкур, мисли Ал-Қоида ва гурӯҳи Давлати исломӣ, ҷавононро тундрав карда ва онҳоро ба ҷанги Сурияву Ироқ ҷалб мекунад. Ҳизб-ут-таҳрир, ки фаъолияташ дар тамоми Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст, қасд дорад, дар минтақа як хилофати исломӣ бисозад.