Розигиву норозигии Ш.Ҳакимов аз интихобот

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дарҳавзаи якмандатии рақами 19-и Конибодом бо ду номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ рақобат дорад, мегӯяд, интихобкунандагон дар минтақаҳои раъй фаъоланд ва пешгӯӣ дорад, 80 дарсади раъйро ба даст хоҳад овард.

Аммо ӯ аз мавридҳои тақаллуб ва дахолати намояндагони мақомоти интизомӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ низ интиқод кард. Ба қавли Ҳакимов, “дар бархе минтақаҳои раъйдиҳӣ дар кобинаи овоздиҳӣ ба ҷои 1 нафар 5 нафар истода, ба одамоне, ки вориди он мешаванд, таъсир мерасонанд. Илова ба ин дар минтақаҳои раъй сарфи назар аз ҳайати расмие, ки КМИР таъин кардааст, омӯзгорону афроди дигар меистоданд.”

Муовини раиси ҲСДТ гуфт, дар баъзеи дигар минтақаҳои раъй намояндагон бидуни нозирони ӯ ба хонаҳои маъюбон ва нафақахӯрон рафта, овози онҳоро ба қайд гирифтаанд. Шокирҷон Ҳакимов ҳоло бо Равшан Раҷабов -- собиқ раҳбари Академияи пулиси Вазорати умури дохилӣ ва Дилбар Сулаймонова -- роҳбари театри мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи Конибодом, ки ҳарду номзадҳои ҲХДТ-янд, мубориза мебарад.