Моҳи феврал дар Ироқ 1100 нафар кушта шудаанд

СММ 1 март хабар дод, ки дар давоми моҳи феврал дар ҷангҳо бо тундравҳои Давлати Исломии номниҳод ва дар ҷангҳои миёни нируҳои давлатӣ бо ниманизомиёни шиа дар Ироқ 1 100 нафар низомиён ва ғайринизомиён кушта шудаанд.

Намояндагии СММ дар Ироқ дар эъломияе гуфтааст, ки дар миёни кушташудагон 611 нафар сокинони ғайринизомӣ ва шумораи боқимонда аз нируҳои амниятии Ироқ будаанд.

Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки шумораи кушташудагон қаламравҳои зери контроли тундравҳои Давлати Исломиро дар бар намегирад. Тақрибан аз 3 як ҳиссаи қаламрави Ироқ дар контроли онҳост.

СММ ҳамчунин мегӯяд, ки моҳи феврал 2 280 нафар захмӣ шудаанд, ки 1 350 нафари онҳо сокинони оддӣ будаанд. Бештар аз ҳар ҷои дигар дар Бағдод шумораи кушташудагон ва захмиён сабт шудааст.