Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 50 дарсади шаҳрвандони ин кишвар дар Чин дар интихобот ширкат карданд.
Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар якуним соати аввал 67 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба бинои сафорат, ки маҳалли раъйдиҳӣ аст омада ва овози худро ба сандуқҳои раъй рехтанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Чин 120 нафар шаҳрвандон сабти ном шудаанд.
Ҳамзамон ба иттилои ин манбаъ ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи порлумонӣ дар дигар кишварҳои хориҷӣ низ ҷараён дорад.
Ба таъкиди ин манбаъ, дар қитъаи интихоботии № 61/9 дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек то соати 10 вақти маҳаллӣ зиёда аз 15% шаҳрвандони Тоҷикистон раъйи худро доданд. Ин манбаъ афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар “кишвари офтобхез”, яъне Ҷопон аввалин шуда дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат варзида, иродаи худро баён кардаанд.
Ҳарчанд теъдоди ширкаткунандагон гуфта нашудааст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷопон аксаран донишҷӯён ва оилаҳои онҳо мебошанд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Япония таҳсил мекунанд.