Дар Қирғизистон воридоти мошинҳои фармонашон аз тарафи ростро мамнуъ эълон кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ ба матбуот хабар додааст. Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар илова ба қонун «Дар бораи Ҳаракати нақлиёт дар Қирғизистон»-ро имзо кард.
Вале барои воситаҳои нақлиётие, ки дар хоҷагиҳои коммуналӣ, бахшҳои кишоварзӣ ва сохтмон кор мекунанд, истисно пешбинӣ шудааст.
Ҳоло дар Қирғизистон мошинҳои фармонашон ё рулашон аз тарафи рост ба 30 дарсад расидааст. Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилаи ин кишвар, тақрибан 40-50 дарсади ҳодисаҳои нақлиётӣ ба мошинҳое тааллуқ дорад, ки фармонашон аз тарафи рост аст. Акнун бо чунин қонун мехоҳанд ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо камтар шавад.