Обама ба тарҳи ҳамкорӣ бо Эрон вето мегузорад

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар тарҳи пешниҳодшуда ба Сенат, ки ба Когресси Амрико иҷоза медиҳад,то дар бораиҳар гуна тавофуқоти ба дастомадаи байни кишварҳои Ғарбӣ бо Теҳрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон изҳори назар кунад,вето хоҳад гузошт.

Бино ба эъломияе, ки Бернадет Миҳон-сухангӯи Шӯрои Амнияти Кохи Сафед Барак Обама возеҳ гуфтааст, ки ҳоло вақти муносибе нест, ки Конгресс дар бораи Эрон лоиҳае ба тасвиб расонад.

Амрико ва панҷ қудрати дигари ҷаҳонӣ мехоҳанд бо Эрон дар бораи боздоштани барномаҳои ҳастаиаш бар ивази коҳиши таҳримҳои иқтисодӣ музокира анҷом диҳанд.

Тарҳи «Бозбинии тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон» аз давлати Барак Обама мехоҳад, ки дар сурати дастёбӣ ба ҳар гуна тавофуқ бо Эрон, матни ин тавофуқнома дар зарфи панҷ рӯз бояд ба Конгресс фиристода шавад.

Ин тарҳ ҳамчунин ба раиси ҷумҳури Амрико иҷоза нахоҳад дод, ки то60 рӯз пас аз тавофуқи ниҳоӣ таҳримҳои Когрессро бар зидди Эронро лағв кунад.

Миҳон мегӯяд, Амрико бояд ба музокиракунандагон имкони беҳтарини пешрафтро фароҳам орад, на ин ки талошҳоро печидатар кунад.