Силоҳи вазнин аз ҷабҳа берун мешавад

Анатолий Стелмах, намояндаи ситоди амалиёти вижа дар шарқи Украина, рӯзи 27 феврал, ба хабарнигорон гуфт, ки низомиёни украинӣ силоҳи вазнинро аз хатти ҷабҳа дар Донбасс ба пояи созиши оташбас зери назорати гурӯҳи вижаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо берун мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, тӯпхона ба минтақаи махсус ва дар масофаи 25 километр то нуқтаи аз сӯи ҷонибҳо муқарраршуда интиқол меёбад.

Аз ин пештар раҳбари ҷумчурии худхондаи Донетск Александр Захарченко ҳам изҳор намуд, ки ҷудоихоҳон 90 дар сади силоҳи вазнинро аз хатти ҷабҳа берун кашидаанд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, рӯзи ҷумъа ҷудоихоҳон ба берун кардани системҳои “Град” шурӯъ намуданд. Ин раванд ҳам зери назорати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо идома дорад.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи ҷумъа гуфт, нерӯҳои низомии кишвараш омодаанд, ки дар сурати аз сӯи ҷудоихоҳон иҷро накардани созиши дар Минск ҳосилшуда, ҳар лаҳза силоҳи вазнинро ба хатти ҷабҳа баргардонанд.