Қарор аст, ки Стаффан де Мистура, намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия, рӯзи 28 феврал бо мақомоти Сурия резакориҳои пешниҳоди Созмони Милал оид ба қатъи зарбаҳо аз ҳаво ва мушакборони шаҳри Ҳалабро баррасӣ кунад. Тасмим дар ин бора аз сӯи аъзои Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе гирифта шуд.
Де Мистура пешниҳод кардааст, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия барои шаш ҳафта аз ҳамалаҳо ба ин шаҳри бузурги кишвар худдорӣ кунанд. Ин тарҳ ба Созмони Милал имкон медиҳад, ки ироаи кӯмаки башарӣ ба мардуми боқимонда дар ин шаҳри таҳрибан ба хок яксоншударо таҳти назорат бигирад.
Стаффан де Мистура ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки режими Башор Асад барои мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ дар Ҳалаб изҳори омодагӣ кардааст.
Эътирозҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар моҳи марти соли 2011 ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия печиданд. Ба иттилои СММ, бар асари даргириҳо дар кишвар 220 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, 3,8 миллион аз суриягиҳо дар кишварҳои ҳамсоя - Урдун, Лубнон ва Туркия панаҳ бурданд.