НАТО: Русия тонкҳояшро аз Донбасс берун кунад

Йенс Столтенберг

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 26 феврал изҳор намуд, ки Русия бояд тақрибан ҳазор зиреҳпӯшу мошинҳои низомии худро аз шарқи Украина берун кунад.

Зимни суханронӣ дар Рум баъд аз музокирот бо нахуствазири Италия Маттео Рентсӣ, ҷаноби Столтенберг ҳамчунин гуфт, ки Маскав бояд аз пуштибонии ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс даст бардорад. Раҳбари НАТО ҳама гуна талоши ҷудоихоҳон барои густурда кардани қаламрави зери назораташонро "ғайри қобили қабул" номид.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Украина рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки Киев дар чаҳорчӯби созиши дар Минск рӯзи 12 феврал ҳосилшуда, аз минтақаи низоъ дар шарқи кишвар тӯпҳои 100-миллиметраро берун мекашад.

Мақомоти Русия иттиҳоми мақомоти Украина ва раҳбарони аврупоӣ дар бораи пуштибонияш аз ҷудоихоҳони Донбассро рад мекунанд.