Абдулфаттоҳи Ҳабиб, айбдоркунандаи давлатӣ, аз додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, то Умедҷон Салиҳовро, ки ҳамчун узви “Гурӯҳи 24” муҳокима мешавад, 18 сол аз озодӣ маҳрум намояд. Ӯ инчунин гуфтааст, Салиҳов баъди раҳоияш аз зиндон панҷ сол ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро нахоҳад дошт.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Умедҷон Салиҳов, гуфт, ин талаби намояндаи додситонӣ дар мурофиаи рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ садо додааст. Вай афзуд, аммо нафари таҳти ҳимояташ гуфтааст, бо ин талаби додситонӣ розӣ нест.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ баррасии парвандаи Умедҷон Салиҳовро, ки барои узвият дар созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” муттаҳам мешавад, ба ихтиёри Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт супурд. Худи Салиҳов мегӯяд, ӯ аслан узви “Гурӯҳи 24” набуда, балки дар ҳамоиши мухолифони тоҷик дар соли гузашта дар Новосибирск ба ҳайси "намоянда"-и ФСБ-и Русия иштирок доштааст.
Салиҳов тибқи моддаи 307 қисми 1 - "даъват ба экстремизм", 301 қисми 2 - "ғасби ҳокимият", 307 қисми 3 - "ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гуруҳи экстримистӣ", 187 қисми 1 - "созмони гуруҳи ҷиноӣ", 137 қисми 2 - “таҳқири омавии президент" айбдор мешавад.