Қатъи ваколати Насрулло Маҳмудов

Насрулло Маҳмудов

Ваколати Насрулло Маҳмудов ба унвони намояндаи мардум дар парлумони Тоҷикистон ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш қатъ карда шуд. Ин тасмимро вакилони Маҷлиси Намояндагон дар ҷаласаи рӯзи 25 феврал гирифтанд. Ҷаноби Маҳмудов ҳоло додситони вилояти Хатлон аст.

Насрулло Маҳмудов, намояндаи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз Конибодом ба вакилии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, интихоб шуда буд. Вай то он замон ба ҳайси додситони шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт.

Аммо ахиран дар пайи тағйироти кадрӣ дар додситонии кулли Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудов ба мақоми додситони вилояти Хатлон дар ҷануби ин кишвар таъин гардид. Ваколати Насрулло Маҳмудов ба унвони вакили парлумон дар ҳоле қатъ гардид, ки фаъолияти Маҷлиси Намояндагон низ дар ҳоли анҷомёбист.

Зеро рӯзи якшанбеи 1 март дар саросари Тоҷикистон интихоботи парлумонии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар пайи он ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон ташкил хоҳад шуд.