Ҷонибҳои музокироти ҳастаии Эрон дар бораи баъзе пешравиҳо гузориш додаанд, вале гуфтаанд, кибарои расидан ба тавофуқ бояд корҳои зиёд анҷом бигирад.
Музокироти дурӯзаи намояндагони баландпояи Эрону Амрико 23 феврал дар Женева ба поён расид. Дар зимн намояндагони шаш кишвар низ бо ҷониби Эрон мулоқот карданд.
Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия баъд аз хатми музокирот гуфт, “беш аз пеш боварӣ” ҳосил мешавад, ки Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ то 30 июли соли ҷорӣ ба тавофуқоти ҳамаҷониба ноил мешаванд.
Вай гуфт, “мо қаноатмандем, ки дар ҳар музокира пешрафт ба даст меояд”. Ванг Йи-вазири корҳои хориҷаи Чин изҳор дошт, ки “ҷонибҳои калидӣ, ба вижа Вашингтон в Теҳрон ба якдигар наздик мешаванд, вале ғанисозии уран то ҳол масъалаи нигаронӣ боқӣ мондааст”.
Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, “музокирот самарбахш, созанда ва ҷиддӣ буд”, вале “ҳанӯз бояд роҳи тӯлонӣ тай шавад”.