Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эрониаш дар шаҳри Женева дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ду соат гуфтӯгу карданд. Дар гуфтӯгуҳои Амрикову Эрон дар рӯзи 22-уми феврал нахустин бор Эрнст Муниз, вазири энержии Иёлоти Муттаҳида ва Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси энержии атомии Эрон ширкат карданд. Ду тараф дар ҷараёни рӯз доир ба ҷанбаҳои фаннии маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон сӯҳбат доштаанд. Муҳаммад Ҷавод Зариф ба расонаҳои давлатии Эрон гуфтааст, ки гуфтугӯҳо дар сатҳи миёна хуб будаанд, аммо ба созише ноил нашуданд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати Энрст Муниз ва Алӣ Акбар Солеҳӣ, зарурати ҷалби “мақомоти сатҳи баланд, ки салоҳияти иҷрои ҳамаи масоилро доранд”, нишон медиҳад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, аз ҳузури вазири энержии кишвараш чизи зиёде мунтазир набояд шуд, зеро қарор барои ширкати ӯ баъди он қабул шуд, ки тарафи Эрон гуфт, Алӣ Акбар Солеҳӣ дар музокирот ширкат мекунад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон тавофуқ кардаанд, ки то моҳи март чаҳорчӯби созишномаи атомӣ таҳия шавад.