Дар шаҳри Харкови Украина баъд аз таркиш ҳангоми “Раҳпаймоии шаъну шараф” амалиёти зиддитеррористӣ шурӯъ шуд. Хадамоти амнияти Украина рӯзи якшанбе хабар дод, ки чанд нафари гумонбар дар ташкили ин ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд.
Ба иттилои вазорати умури дохилиии Украина, бар асари таркиш дар Харков ду нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Қаблан додситонии вилоят дар бораи ҳалокати се нафар хабар дода буд.
Дар аксар шаҳрҳои бузурги Украина 22 феврал “Раҳпаймоиҳои шаъну шараф” ба ёди қурбониён дар ҳаводиси тақрибан як соли пеш дар Майдони Киев баргузор шудҳо. Дар раҳпаймоӣ дар пойтахти кишвар ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко сарони Олмон, Словакия, Лаҳистон, Литва, Молдавия, Гурҷистон ва Иттиҳодияи Аврупо ширкат доштанд. Раҳпаймоён аз чанд хиёбони марказии шаҳр гузашта, дар ниёиш ба ёди қурбониён дар Майдони Истиқлол ширкат карданд.