Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки аз одати чандинсолаи табрики мардон дар рӯзи 23 феврал даст бардоранд.
Ӯ дар саҳифааш дар Facebook, навишт, ки тасмим гирифтааст аз ин баъд дар Украина на 23 феврал, балки 14 октябр, рӯзи муқаддас барои насрониҳо, Рӯзи муҳофизи ватан эълон шавад. “Ман мефаҳмам, ки бисёр занҳо аз рӯи одат мардҳоро рӯзи 23 феврал табрик хоҳанд кард. Ҳар кас дар ин бора худ тасмим мегирад, вале аз ин баъд 23 феврал ба таври доимӣ нуфузи давлативу сиёсии пешинаи худро гум кардааст”.
Петро Порошенко афзудааст, ки хонумаш ӯро бо рӯзи 23 феврал табрик нахоҳад кард ва дигар занҳо бояд ба ӯ пайравӣ кунанд.
23 феврал рӯзи таъсиси артиши шӯравӣ аст ва дар аксар кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, чун Рӯзи муҳофизи ватан таҷлил мешавад.