Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон, ки то поёни мӯҳлати шиносномаашон камтар аз шаш моҳ боқӣ мондааст, ҳаққи сафар ба Туркияро надоранд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри огоҳиномае гуфтааст, ин иқдом аз 1 январи соли ҷорӣ роҳандозӣ шудааст.
Ба навиштаи сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, “дар асоси Қонуни Ҷумурии Туркия Дар бораи шарҳвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналхалқӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба қаламрави Туркия бо шиносномаи хориҷие, ки муҳлати эътибораш кам аз шаш моҳ мебошад, ворид шудан манъ гардидааст.”
Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия бидуни раводид ё виза сурат мегирад. Ҳар ҳафта даҳҳо сокини кишвар бештар барои тиҷорат ба Туркия мераванд.