Пулиси шаҳри Копенгаген гуфт, як мардеро, ки дар наздикии истгоҳи қатори оҳан ба тарафашон тир андохт, куштанд. Сухангӯи пулиси шаҳр рӯзи 15-уми феврал гуфт, ин марди мусаллаҳ зоҳиран ҳамон шахсест, ки бо тирандозӣ дар ду гӯшаи шаҳр ду нафарро кушт. Айни замон ҳуввияти фарди тирандозро мушаххас накардаанд. Мақомоти Дания мегӯянд, ҳоло маълум нашудааст, ки ин мард танҳо амал мекард, ё каси дигаре ҳам дар ин ҳодиса даст дорад. Пулиси Копенҳаген рӯзи 15-уми феврал бо нашри баёнияе гуфт, фарди мусаллаҳ дар наздикии истгоҳи қатор, ки таҳти назари пулис буд, кушта шуд. Касе азх маъмурони пулис осеб надидааст. Пештар аз ин дар тирандозӣ дар ду минтақаи шаҳр ду нафар кушта шуданд ва 5 маъмури пулис ҷароҳат бардоштанд. Тирандозии аввал зимни як баҳс дар бораи озодии баён дар як маркази фарҳангие сурат гирифт, ки дар он Ларс Вилкс як наққоши ҷанҷолбарангез ширкат дошт, ки ӯ соли 2007 Ҳазрати Муҳаммадро дар тасвирҳояш масхара карда буд. Як моҳ пештар аз ин дар ҳамлаи шабеҳе дар шаҳри Пориси Фаронса 17 нафар кушта шуданд.