Дана Рорабакер, яке аз вакилони мардумии Амрико, дипломатҳои кишварашро танқид кард, ки гӯиё ба як ҳомии ҳуқуқи озарӣ кӯмак накардаанд. Эмин Ҳусейнов, ки ҳоло дар сафорати Швейтсария паноҳ мебарад, гуфтааст, ки мақомоти Озарбойҷон ӯро барои дигарандешиаш таъқиб кардаанд. Дана Рорабакер вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, рӯзи 12-уми феврал гуфт, Эмин Ҳусейнов, ки ҳамсараш шаҳрванди Амрико аст, соли гузашта аз дипломатҳои амрикоӣ кӯмак хостааст, вале онҳо ҷасорат накардаанд, ки ба ӯ мадад расонанд. Дана Рорабакер, дар як нишасти зеркумитаҳои Конгресси Амрико гуфт, “Ба ӯ ҳоло дар сафорати Швейтсария паноҳгоҳ додаанд. Ба фикри ман бисёр ғамангез аст, швейтсариягиҳо ҷасуртар аз амрикоиҳо буданд.” Вазорати умури хориҷии Амрико ҳанӯз ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи шарҳи ин қазия посух надодааст. Маҷаллаи Сиёсати хориҷии Амрико рӯзи 11-уми феврал навишт, Эмин Ҳусейнов пеш аз паноҳ бурдан ба сафорати Швейтсария ба сафорати Амрико дар Боку муроҷиат кардааст. Ин ҳомии ҳуқуқи инсон, аз бими дастгир шудан, аз моҳи август ба ин тараф дар сафорати Швейтсария дар Озарбойҷон паноҳ мебарад.