Басиямоҳи яксола дар сӯхтор ғуррамарг шуд

Акс аз бойгонӣ

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар натиҷаи як сӯхтор дар манзили зисти як сокини ноҳияи Темурмалик, дар 150-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон, Басиямоҳи яксола бар асари сӯхтани 75 дарсади баданаш ҷон бохтааст. Ин сӯхтор дар манзили Майрамбӣ Бобоева, ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи истифодаи нодурусти асбобҳои барқӣ рух додааст.

Сӯхтор рӯзи 11 феврал, соати 14 ба амал омада, 35 метри мураббаъро фаро гирифтаааст. Мақомот хисороти молии расида дар натиҷаи ин ҳодисаро 5 000 сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Ҳалок ё захмӣ шудани афрод дар натиҷаи истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ваё бар асари танаффуси дуди ангишт дар фасли сармо дар Тоҷикистон, ки то 6 моҳи сол ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад, зиёд рух медиҳад.