Гуфтӯгу байни Юнон ва қарздиҳандагони он аз 19 кишвари ҳавзаи евро бесамар анҷом ёфт. Баъди мулоқоти изтирорӣ дар шаҳри Брюссел дар субҳи 12-уми феврал тарафҳо ҳатто баёнияе нашр накарданд. Ҳукумати чапгарои тундрави Юнон мехоҳад, шарту шароити баргардонидани қарзҳояш, ки барои наҷот аз вартаи муфлисӣ гирифт, тағйир дода шавад. Ба гуфтаи ҳукумат, талаботи сахту сарфаҷӯии зиёд дар ивази қарз, сабаби мушкилоти фаровони иқтисодӣ дар Юнон шудааст. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо то кунун талабҳои ҳукумати Юнон барои тағйири шартҳои қарзи 276 миллиард доллариро рад кардаанд. Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро рӯзи 16-уми феврал дар ин бора гуфтӯгу мекунанд ва Янис Варуфакис, вазири молияи Юнон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ин мулоқот пешрафт ҳосил шавад. Йерон Дисселблоем, раиси вазирони молияи ҳавзаи кишварҳои евро, гуфт, ҷузъиёти пешниҳодоти Юнонро баррасӣ накардаанд, зеро ба вақти бештар эҳтиёҷ доранд.