Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) пас аз санҷидани аризаи шикоятиаш сабти номзадии вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар ҳавзаи “Сомонӣ”-ро рад кард.
Дафтари матбуоти КМИР рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи имрӯзаи КМИР аризаи шикоятии номзад Бузургмеҳр Ёров аз масъулони ҳавзаи рақами 8 баррасӣ шуд, вале азбаски далелҳои масъулони ҳавза тасдиқ шуданд., сабти номзадии ин вакили мудофеъ рад шуд.
Бузургмеҳр Ёров қаблан аз қарори комиссияи ҳавзаи 8 дар мавриди рад шудани номзадиаш норозӣ шуда, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муроҷиат кард, ки қарори ҳавза бекор карда шавад.
КМИР шикояти Бузургмеҳро Ёровро мавриди санҷиш қарор дода ба ин натиҷа расидааст, ки ба сабаби ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардани маълумот дар бораи амволи ба моликияти шахсиаш мансуббуда ва насупоридани гаравпулии интихоботӣ қарори комиссияи ҳавзаи якмандатии Сомонӣ № 8-ро бетағйир гузошта, сабти номзадии ӯро рад мекунад.