Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз дарёфти иҷозаи ҳаққи вуруди 217 шаҳрванди ин кишвар ба қаламрави Русия хабар дод. Масъулони дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 феврал зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи ҳамкории муштараки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия, масъалаи вуруди дубораи 217 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Русия ҳалли мусбатро пайдо кард. Чун ба таъкиди ин масъулон гурӯҳи экспертии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки ба масъалаи омӯзиши санадҳои шаҳрвандоне, ки аз ҳаққи дубораи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд, сарукор дорад, ба 149 донишҷӯ ва 77 шаҳрванди касбу кори дигари Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба Русияро дод.
Иҷозаи вуруди дубораи теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик ба қаламрави Русия дар ҳолест, ки ҳафтае пеш 182 тоҷик, аз ҷумла 140 донишҷӯ иҷозаи вуруд ба Русияро пайдо карда буданд. Гурӯҳи экспертии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз моҳи сентябр ба ин тараф фаъолият мекунад ва ҳам дар Русия ва дар Тоҷикистон кори худро пеш мебарад. Тибқи иттилои масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати мамнуъшудагон қарор доранд.