454 млн қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1"

Сомонаи расмии “Сангтӯда-1” рӯзи 9 феврал хабар дод, ки ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди ин нирӯгоҳ дар як моҳи охир қариб 15 миллион сомонии дигар афзоиш ёфта, аз 439,2 миллион ба 454 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, масъули дафтари матуботи ширкати “Барқи тоҷик” дар робита ба ин масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи баргардонидани қарзи “Сангтӯда 1” ҳамеша дар мадди назари ин ширкат ҳаст, вале он ба ҳаҷми истеҳсоли барқ вобаста аст ва ҳар қадар мизони об дар дарёҳо бештар ва неруи барқ зиёд истеҳсол шавад, барқ бештар ба фурӯш хоҳад рафт ва пули “Сангтӯда-1” пардохта хоҳад шуд. Тавре ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, аз авоили моҳи август то сентябри соли гузашта ин ширкат тавонистааст ҳудуди 2 миллион сомонӣ қарзи "Сангтӯда1"- ро пардохт намояд. Аммо бо фаро расидани фасли сармо ва кам шудани сатҳи об дар обанборҳо, мизони қарзи “Барқи тоҷик” дар назди "Сангтӯда 1" ҳамчун харидори аслии барқи ин нирӯгоҳ дубора афзуда, ҳамакнун ба 454 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст.

75 дарсади саҳмияҳои "Сангдӯда-1" ба Русия тааллуқ доранд.