Ишораи Путин ба гуфтушунидҳои Эрон

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар гуфтушуниди ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ “пешрафти муҳим”-е ҳосил шудаааст. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи мисрии “Ал-Аҳром” Путин гуфт, “муҳимтарин нукта ин аст, ки ягон тараф талош накунад, аз ин баҳс фоидаи якҷониба ба даст орад ва натиҷаи мавзун танҳо ҳалли масъалаи мушкил аст.” Изҳороти Путин як рӯз баъд аз баёнияи раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ садо дод, ки аз мусолиҳаи, ба гуфтаи ӯ “хуб”-и ҳастаӣ ҳимоят кард. Эрон барномаи ҳастаишяро бо панҷ узви Шӯрои амнияти Созмони Милал – Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Русия, Чин, Бритониё бо иловаи Олмон баҳс мекунад ва қарор аст, он то 1 июл ба поён расад. Дар ивази исботи ғайритаслиҳотӣ будани барномаи ҳастаияш Эрон аз зери бори таҳримҳои байнулмилалӣ берун хоҳад омад.