Мақомоти Миср мегӯянд, дар бесарусомониҳои варзишгоҳи Қоҳира на 22, балки 19 нафар аз мухлисони футбол ба ҳалокат расидаанд. Онҳо меафзоянд, ягон нафар аз тири полис кушта нашудааст. Ин марговартарин хушунати варзишии Миср аз соли 2012 ба ин сӯ буд, ки он вақт дар поёни бозии дастаҳои Ал-Аҳлӣ ва Ал-Масрӣ дар Порт Саид 74 нафар ба ҳалокат расид. Фалокат бо вуҷуди дастури полис, ки шумораи бинандагони бозиро ба 10 000 нафар маҳдуд карда буд, ба вуқӯъ пайваст. Телевизиони давлатии Миср мегӯяд, мухлисони футбол дар як дарҳам-барҳамӣ барои гирифтани нишастгоҳҳо ба амал омадааст, вале шоҳидони айнӣ бар инанд, ки рафтори полис воҳимаро ба вуҷуд овард ва издиҳомро дар як гузаргоҳи танг ба ҳам зад.