Додгоҳи низомии Покистон омода аст, ки мурофиаи додгоҳии тақрибан 10 ҳазор нафар боздоштшударооғоз кунад. Ин боздоштшудаҳо ба эҳтимоли ширкат дар терроризм гунаҳгор дониста мешаванд.
Генерал Азим Баҷво-сухангӯи низомиёни Покистон 8 феврал гуфт, ки муҳокимаи 12 парвандаи нахустин дар догоҳи низомӣ ҳафтаи оянда оғоз меёбад.
Ҳукумат баъд аз ҳамлаи террористии 16 декабр додгоҳи низомӣ ташкил кард. 16 декабр террористҳо ба мактабе дар Пешовар ҳамла бурданд ва дар он 150 нафар ба қатл расиданд, ки бештари онҳо кӯдакон буданд.
Матбуоти Покистон менависад, ки аз 24 декабр ба ин сӯ ба эҳтимоли ширкат дар аъмоли мухталифи террористӣ дар ин кишвар бештар аз 10 600 нафар боздошт шудаанд.