Воридот ва содироти Чин дар моҳи январи соли ҷорӣ поин рафтааст ва он нишонаи коҳиши талабот ба колоҳои ин кишвар мебошад. Тибқи гузорише, ки 8 феврал ба нашр расид, содирот 3,2 дарсад коҳиш ёфтааст, ки он 1,2 триллион юан (200 миллиард доллар) дар моҳи январ камтар мебошад. Моҳи декабр ин нишондиҳанда 9,7 дарсад афзоишро нишон медод.
Воридот 19,7 дарсад, яъне 860 миллиард юан (140 миллиард доллар) камтар шудааст ва он аз моҳи гузашта 2,4 дарсад поинтар рафтааст.
Содирот аз воридот бештар шудааст ва афзоиши он 87,5 дарсадро нишон медиҳад.
Вале рақамҳо дар бораи тиҷорати Чин дар оғози сол дар моҳҳои январ ва феврал маъмулан поин меравад, зеро ин кишвар Соли Нави худро баргузор мекунад.